Ба гузориши хабаргузории "Абно", Такер Карлсон, муҷрии маъруфи амрикоӣ, мавқеъҳои Фридрих Мерс, сарвазири Олмонро нисбат ба барномаи ҳастаии Эрон ба масхара гирифт.
Вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии "Ди Цайт" таъкид кард: "Мерс гуфтааст, ки бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи зарурати нарасидани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мувофиқ аст!"
Такер илова кард: "Воқеан оғо Мерс? кишвари шумо дар остонаи фурӯпошии иқтисодӣ қарор дорад ва нархи энергия дар он ҷо ба ду баробари нархи он дар Амрико расидааст. Бо вуҷуди ин шумо нигарони доштани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон ҳастед?"
Қобили зикр аст, ки Мерс борҳо барои ҷалби назари Трамп алайҳи Эрон мавқеъгирӣ кардааст.
Муҷрии маъруфи амрикоӣ мавқеъгирии Олмон алайҳи Эронро ба масхара гирифт.
Your Comment